Декабр 23, 2018 15:32 Asia/Dushanbe
  • Идомаи вокунишҳои эътирозомез ба тасмими Трамп дар бораи Сурия

Эъломи тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Сурия вокунишҳои манфии мутааддидеро чӣ дар давлати вай ва чӣ дар арсаи дохилии Амрико барангехтааст.

Пас аз истеъфои Ҷеймз Мэттис, вазири дифоъ ба нишонаи нохурсандии вай аз ин иқдоми Трамп намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар эътилофи ба истилоҳ байналмилалии зидди ДИИШ эълом кард, ки дар феврали соли 2019 аз ин симмат канорагирӣ хоҳад кард. Бретт Макгурк ба Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико иттилоъ додааст, ки ин иқдоми ӯ ба далели мухолифат бо тасмими раисҷумҳур барои хурӯҷи ду ҳазор нерӯ аз Сурия анҷом шудааст. Истеъфои Макгурк танҳо як рӯз пас аз истеъфои Ҷеймз Мэттис, вазири дифои Амрико анҷом шудааст ва интизор меравад, теъдоди истеъфоҳои мақомоти Пентагон афзоиш ёбад. Мэттис ба далели он чӣ, ки ихтилофи назар бо Трамп хондааст, аз моҳи феврал Пентагонро тарк хоҳад кард.

Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе дар ёддошти твиттерии худ аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия хабар дод. Ин иқдоми Трамп чанд далел дорад. Аз ҷумла, ин ки яке аз муҳимтарин усули сиёсати хориҷии давлати Трамп "тиҷорисозии амният" аст, ки ба маънои мухолифати Трамп бо идомаи ҳузури низомии Амрико дар нуқоте аз минтақа ва ҷаҳон буда, манофеи моддӣ барои Амрико ба ҳамроҳ надошта ва сирфан зомини ҳазинаҳои молию инсонӣ мебошад. Аз дидгоҳи Трамп, ин иқдом ба маънои тааҳҳудоти беҳосил барои Амрико ва дар воқеъ, идомаи сиёсати "савории ройгон" ба муттаҳидони Амрико дар минтақа аст. Бинобор ин раисҷумҳури Амрико хоҳони бар уҳда гирифтани тааҳҳудоти минтақаии Амрико тавассути муттаҳидон ва пардохти ҳазина аз ҷониби онҳост. Аз сӯйи дигар Трамп дар ростои шиори интихоботияш, яъне "нахуст Амрико" муътақид аст, ки бояд аз тааҳҳудоти ҷаҳонии Амрико коста шавад ва дар иваз манобеи ҳосил аз он сарфи бозсозии дохили Амрико шавад. Трамп дар ин бора гуфт: «Оё Амрико мехоҳад пулиси Ховари Миёна бошад, чизе ҳам насибаш нашавад, аммо зиндагии боарзиш ва триллионҳо долларро барои ҳифозат аз дигарон харҷ кунад ва тақрибан дар тамоми маворид аз он чӣ, ки анҷом медиҳем, қадрдонӣ нашавад? Оё мехоҳем барои ҳамеша он ҷо бимонем? Замони он аст, ки дигарон ниҳоятан ба мубориза [бо ДИИШ] бархезанд...». Дар бораи Сурия Трамп иддао карда, ки муборизаи Амрико бо ДИИШ дар ростои манофеи душманон ва рақибони минтақаӣ ва байналмилалии Амрико, яъне Эрон ва Русия аст. Бо ин ҳол, Трамп фаромӯш карда, ки худ дар замони муборизоти интихоботияш эътироф карда буд, ки ДИИШ-ро давлати Обама ба вуҷуд оварда, ҳузури низомии ғайриқонунии Амрико дар Сурия ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ, дар воқеъ, дар ростои аҳдофи минтақаии Вашингтон будааст. Асосан ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия на ба дархости давлати қонунии Сурия будааст ва на тибқи мусаввабаи Шӯрои амният сурат гирифтааст. Зимн ин ки давлати Сурия борҳо аз Вашингтон хоста, ки ба ҳузури ғайрқонунии худ дар Сурия поён диҳад. Масъалаи дигаре, ки бояд ба он ишора кард, тазъифи мавқеияти Амрико дар Сурия ва нотавонии он дар коҳиши мувозинати қудрат дар ин кишвар ба нафъи гурӯҳҳои террористӣ аст. Дар воқеъ, раванди пирӯзиҳои артиши Сурия ва муттаҳидони он ва мавқеияти бартари майдонии онҳо дар арсаи ин кишвар ҷое барои маневри нерӯҳои америкоӣ ва ибрози вуҷуди онҳо боқӣ нагузоштааст.

Ба рағми ин мулоҳизот сохтори ҳокимияти Амрико, ки Мэттис ҳам дар зумраи он аст, мухолифи иқдоми Трамп буда, хурӯҷ аз Сурияро мухолифи тааҳҳудот ва манофеи минтақаии Амрико медонад. Аз дидгоҳи ӯ, қудрати Амрико вобаста ба қудрати шабакаи муттаҳидон ва шарикони Амрико аст. Ба гуфтаи Меттис, алорағми ҷойгоҳи Амрико онҳо наметавонанд бидуни ҳифзи иттиҳодҳои қавӣ ва эҳтиром нишон додан ба муттаҳидон нақши худро ба шакли таъсиргузор ифо кунанд.

 

Барчасп