Трамп ба Эрон ва Русия ҳадияи крисмас дод
Сенатори амрикоӣ тасмими раисҷумҳури ин кишвар дар хусуси хуруҷи низомиёни Амрико аз Сурияро ҳадияи бузурги крисмас барои Эрон ва Русия унвон кардааст.
Крис Кунес, сенатори амрикоӣ бо ишора ба хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Сурия гуфт: Масир барои Эрон, Туркия ва Русия дар минтақа ҳамвор мешавад ва ин ҳадияи бузурге барои крисмас аз сӯи Трамп ба Русия ва Эрон аст.
Ин сенатори узви кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико бо интиқод аз ин тасмими Трамп афзуд: Маъмурият алайҳи ДИИШ, ки Амрико дар онҷо эътилофе муташаккил аз чанд кишварро ташкил додааст, дар остонаи баранда шудан ва нобуд кардани комили ДИИШ дар Сурия қарор дорад.
Вай тасреҳ кард: Ақибнишинии мо дар барҳаи кунунӣ ва раҳо кардани муттаҳидони курд, масирро барои Эрон, Русия ва Туркия барои иҳота бар Сурия ҳамвор мекунад.