Декабр 25, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни ҳамлаи террористии Кобул

Вазорати беҳдошти Афғонистон дар баёнияе эълом кард, шумори қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба сохтмонҳои Вазорати фавоиди омма, шуҳадо ва маълулини Афғонистон дар Кобул ба 43 тан расид.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Вазорати беҳдошти Афғонистон рӯзи сешанбе дар ин баёния афзуд, дар ин ҳамла, ки беш аз шаш соат идома дошт, бист нафар низ маҷрӯҳ шуданд.

Пештар шумори куштаҳои ин ҳамла 29 нафар эълом шуда буд.

Асри дирӯз чаҳор фарди мусаллаҳи ношинос ба сохтмонҳои Вазорати фавоиди омма, шуҳадо ва маълулин дар Кобул ҳамла карданд, ки ба даргирӣ бо нерӯҳои амниятии Афғонистон мунҷар шуд. Дар ин даргирӣ як пулиси афғон кушта ва 9 нафари дигаре аз онон маҷрӯҳ шуд. То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст.