Декабр 26, 2018 15:34 Asia/Dushanbe
  • Интиқод аз Трамп ба далели ваҳшатофаринӣ дар бораи муҳоҷирон

Раҳбари ақаллияти демократҳо дар Маҷлиси намояндагони Амрико аз раисҷумҳури ин кишвар ба далели истифода аз тактикҳои эҷоди ваҳшат дар бораи муҳоҷирон интиқод кард.

Ненси Пелоси дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ю-Эс-Эй тудей”, бо интиқод аз сиёсатҳои Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки ба таътили давлати ин кишвар мунҷар шудааст, гуфт: “Трамп мегӯяд, муҳоҷирон маводи мухаддир ба Амрико меоваранд, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки бештари маводи мухаддир аз тариқи бандарҳои қонунӣ ба дохили кишвар қочоқ мешавад”.

Раҳбари ақалияти демократҳо дар Маҷлиси намояндагони Амрико афзуд, Трамп аз тактикҳои эҷоди ваҳшат истифода мекунад, ки асосёфта бар мадрак ва далел ҳам нестанд ва ин рӯ кори ӯ иштибоҳ аст.

Пелоси ҳамчунин тағйири дидгоҳи Трампро дар бораи сохти девори марзии Мексика, ки ибтидо гуфта буд, як девори бетонӣ месозад ва сипас онро ба девори фӯлодӣ тағйир дод, музҳик хонд ва гуфт: “Ҳоло ба назар мерасад Трамп барои сохти ин девор ба истифода аз як парда ё ҳасир қонеъ шуда бошад”.

Дар пайи бенатиҷа мондани ройзаниҳо миёни мақомоти Кохи Сафед ва Конгресси Амрико барои ҳалли ихтилоф бар сари таъмини буҷаи лозим дар сохти девори марзии Мексика, бахшҳое аз давлати Амрико аз рӯзи шанбе то кунун таътил шудааст.

 

Барчасп