Оғози озмоиши “Рузи қиёмат” дар Русия
Як манбаи огоҳи низомӣ дар миёнаи ихтилофоти Русия ва Амрико бар сари ҳифзи паймони мушакӣ аз оғози озмоиши Аждари Посидон ё Рузи қиёмат дар Русия хабар дод.
Хабаргузории РИА Новости бидуни ишора ба номи ин мақоми низомӣ ёдовар шудааст, ки мароҳили озмоиши ин аждари ғулпайкар дар чорчуби тавсеаи фанновариҳои пешрафтаи низомии Русия оғоз шудааст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия як ҳафта пеш аз баргузории ҳафтумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар, нахустин бор аз маҷмуаи Рузи қиёмати Русия рӯнамоӣ кард.
Замоне, ки Путин дар ҳоли муаррифии ин силоҳ буд, филме аз амалкарди он ба намоиш даромад, ки нишон медод, ин аждар, ки қобилияти ҳамли кулоҳаки ҳастаиро дорад, аз зердарёӣ шиллик мешавад ва бидуни раҳгирӣ метавонад ба ҳадафи худ дар соҳили ҳар минтақае дар ҷаҳон наздик шавад ва дар охирин лаҳазот аз об берун ояд ва ба ҳадаф бархурд кунад.
Номи илмӣ Посидон Status-6 аст ва гуфта мешавад, қудрати чошнии ҳастаии он 100 мегатон, яъне дубаробар бештар аз қудратмандтарин бомби атомӣ аст, ки ҷаҳон токунун таҷруба кардааст.
Посидон дар асотири Юнон Худои дарёҳо, рӯдхонаҳо, сел, хушксолӣ, заминларза ва асбҳо буд ва нигаҳбони тамомии обҳо маҳсуб мешуд.