Афзоиши танишҳо байни Русия ва Украина, таҳримҳо ва тақобули низомӣ
Равобити Русия ва Украина аз 2014 бо рӯи кор омадани давлати ғарбгаро дар Киев, илҳоқи Қрим ба Русия ва ҷанги дохилӣ дар шарқи Украина рӯ ба вахомат гузошта ва даргирии дарёии ахир байни шиноварҳои русӣ ва украинӣ дар тангаи Керч бар танишҳои кунунӣ то ҳадди зиёде афзудааст.
Иқдомоти Русия ва Украина дар рӯзҳои ахир алайҳи якдигар шиддат гирифтааст.
Дар ин росто, Русия рӯзи сешанбе таҳримҳои иқтисодии худ алайҳи Украинаро густариш дод ва асомии беш аз 250 шахси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии дигар аз Украинаро дар феҳристи сиёҳе, ки пештар дар ноябр мунташир карда буд, қарор дод.
Ба дастури Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, асомии 245 шахс ва ҳафт ширкати украинӣ дар феҳристи таҳримҳои Русия қарор гирифт.
Медведев дар ин бора эълом кард: Ин таҳримҳо бо ҳадафи дифоъ аз манофеи давлат ва мардуми Русия ва низ ширкатҳои рус эъмол мешавад.
Дар таҳаввуле дигар Украина ба таҳдиди низомии бесобиқаи Русия пардохт.
Генерал Андрей Тарасов, раиси ситоди нерӯи дарёии Украина аз омодагии ин нерӯ барои муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии Русия хабар дод.
Ба гуфтаи Тарасов: “Дар сурати таҷовузи Русия, омодаи истифода аз ҷангафзорҳо ҳастем ва агар маҷбур ба ин кор шавем, онро тибқи қавонини байналмилалӣ ва Украина анҷом медиҳем”.
Таниши низомӣ миёни Украина ва Русия дар паи он ташдид шуд, ки се новчаи украинӣ дар 25 ноябр бо убур аз тангаи Керч байни дарёи сиёҳ ва дарёи азов вориди маҳдудаи обҳои Русия дар шибҳҷазираи Қрим шуданд.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ба рағми ташдиди иқдомоти таҳрикомези Киев, Маскав ба дунболи оғози ҷанг бо Украина нест.
Ба гуфтаи Лавров: Ғарбиҳо тамоми иқдомоти нодурусти мақомоти Киевро мебахшанд ва ин масъала шомили иқдоми таҳрикомези ахири новгони дарёии Украина дар тангаи Керч низ мешавад.
Интизор меравад, ки равобити Маскав ва Киев ба самти вогароии ҳарчи бештар ва афзоиши танишҳо савқ пайдо кунад.