Декабр 27, 2018 14:27 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани омили ҳамла ба консулгарии Чин дар Карочии Покистон

Омили аслии ҳамлаи террористӣ ба консулгарии Чин дар шаҳри Карочӣ, маркази иёлоти Синди Покистон кушта шуд.

Ба нақл аз Экспресс Трибуни Покистон, омили аслӣ ва тарроҳи ҳамлаи террористӣ ба консулгарии Чин дар шаҳри Карочӣ ба ҳамроҳи шаш нафар аз ҳамроҳонаш дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон кушта шуданд.

Слам Эчо, террористи машҳур ва омили аслӣ ва тарроҳи ҳамлаи террористӣ ба консулгарии Чин дар шаҳри Карочии Покистон ба ҳамроҳи шаш нафари дигар дар ҳоли баргузории як ҷаласа бар асари инфиҷори бомб ба ҳалокат расиданд.

Консулгарии Чин дар Карочии Покистон ҷумъа 23 ноябри гузашта ҳадафи ҳамлаи террористҳо қарор гирифт, ки бар асари ин ҳамла ду полис ва ду ғайринизомии покистонӣ кушта шуданд.

Артиши озодибахши Балуч дар ҷануби ғарби Покистон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта буд.