Декабр 27, 2018 18:42 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши содироти барқи Узбекистон ба Афғонистон

Ширкати миллии барқи Афғонистон эълом кард, Узбекистон ба далели ниёзи дохилӣ, мизони барқи содиротии худ ба Афғонистонро коҳиш додааст.

Ваҳидуллоҳ Тавҳидӣ сухангӯи Ширкати миллии барқи Афғонистон (Breshna) гуфт, ба далели коҳиши содироти барқи Узбекистон ба Афғонистон, шаҳри Кобул то шаш рӯзи оянда бо хомӯшӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Тавҳидӣ афзуд, соли гузашта Ширкати миллии барқи Афғонистон ваъда дода буд, бо воридоти барқ аз Туркманистон мушкили ҷирабандии барқ то поёни соли 2018 милодӣ поён хоҳад ёфт.

Breshna пеш аз ин эълом карда буд, танҳо 36 дарсад аз мардуми Афғонистон ба барқ дастрасӣ доранд ва ҳудуди 75 дарсад аз барқи масрафии Афғонистон низ аз хориҷ таъмин мешавад.

Узбекистон мизони барқи содиротӣ ба Афғонистонро аз 300 мегаватт/барқ ба 200 мегаватт коҳиш дода ва ин мавзӯъ боиси афзоиши хомӯшии Кобул шудааст.