Декабр 28, 2018 19:21 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои муқобила бо ҳамлаҳои ҳастаӣ

Раиси ширкати муҳандисии фаъол дар тавлиди мушакҳои стратегӣ барои Русия эълом кард, ин кишвар тавони посухгӯӣ ба ҳар ҳамлае аз ҷумла ҳастаиро дорад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Юрий Соломонов раиси ширкати муҳандисии Масква гуфт: Силоҳҳои Русия бартар аз намунаҳои амрикоӣ ҳастанд, зимни ин ки падофанди мушакии Иёлоти Муттаҳида дар сатҳи поинтаре нисбат ба намунаҳои русӣ қарор дорад.

Соломонов афзуд, Русия то 15 соли оянда дар тавсиаи таслиҳотӣ, макони нахусти ҷаҳонро аз они худ хоҳад кард.

Ин изҳороти мақоми рус дар пайи он аст, ки давлати Амрико дар идомаи берун омадан аз тавофуқҳои байналмилалӣ, иҷрои Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурд - "INF"-ро ба ҳоли таълиқ гузошт ва таҳдид кард, ки агар Русия ва Чин бо имзои паймоне ҷадид мувофиқат накунанд, Амрико ба зудӣ аз "INF" хориҷ хоҳад шуд.

Паймони неруҳои ҳастаии миёнбурд "INF", 8 декабри 1987 ба имзои сарони вақти Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва Амрико расид ва яке аз иқдомоти асосӣ дар ҷиҳати танишзудоии даврони ҷанги сард буд.

 

Барчасп