Боздошти шаш шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Шветсия
Давлати Шветсия эълом кард, дастгоҳи амниятии ин кишвар шаш марди аҳли Осиёи Марказиро ба иттиҳоми фаъолиятҳои террористӣ боздошт кардааст.
Ба гузориши Русияалявм, додситони Стокголм пойтахти Шветсия дар баёнияе эълом кард, ки полиси ин кишвар шаш марди аҳли Осиёи Марказиро боздошт кардааст, ки се тан аз онҳо ба барномарезӣ барои иҷрои ҷиноятҳои террористӣ ва се тани дигар низ ба таъмини будҷаи гурӯҳи террористии ДИИШ муттаҳам ҳастанд.
Бар асоси ин баёния, боздоштшудагон маводи химиёвӣ бо худ доштанд, ки ин маводро бо ҳадафи куштор ё осеб расондан ба ашхос ҷамъоварӣ карда буданд.
Бо шикасти террористҳо дар Сурия ва Ироқ, дигар манотиқи ҷаҳон аз ҷумла Аврупо бо таҳдидҳои физояндаи террористӣ мувоҷеҳ шудааст.