Декабр 31, 2018 13:21 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Русия бар идомаи ҳимоятҳо аз Сурия

Раисиҷумҳури Русия бар идомаи ҳимоятҳо аз давлат ва миллати Сурия дар муқобили террористҳо ва душманон таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин рӯзи якшанбе дар паёми табрики Соли Нави 2019 ба Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия гуфт, Маскав ҳамчунон ба кумакҳои ҳамаҷониба ба давлат ва мардуми Сурия дар мубориза бо терроризм идома хоҳад дод.

Раисиҷумҳури Русия афзуд, Русия дар дифоъ аз ҳаққи ҳокимият ва тамомияти арзӣ ба давлат Сурия кумак хоҳад кард.

Путин ҳамчунин дар остонаи фаро расидани Соли нави милодӣ ба сарони чанд кишвари дигари ҷаҳон паёми табрик ирсол кард ва хоҳони густариши равобит ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф шуд.

Раисиҷумҳури Русия дар ин паёмҳо бар густариши равобити сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, мубориза бо терроризм, иҷрои тарҳҳои энержӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишӣ, ёфтани роҳи ҳалҳои муштарак барои ҳалли буҳронҳо ва барқарории сулҳ таъкид кард.

 

Барчасп