Январ 01, 2019 12:56 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақоми амрикоӣ бар идомаи таҳримҳо алайҳи Русия

Сафири Амрико дар Украина рафъи таҳримҳо алайҳи Русияро ба бозгардондани ҳокимияти шибҳиҷазираи Қрим ба Киев ва озодии маллоҳони украинӣ вобаста донист.

Ба навиштаи вебгоҳи «Инфо-24», Мария Яванович, сафири Амрико дар Украина шаби душанбе шурути Вашингтонро барои рафъи таҳримҳо алайҳи Русия эълом карда гуфт: «То замоне ки Русия ҳокимияти шибҳиҷазираи Қримро ба Украина бознагардонад, таҳримҳо барқарор хоҳад буд».

Ба дунболи кудатои соли 2014-и ғарбгароҳо дар Киев мардуми Қрим дар як ҳамапурсӣ ба ҷудоӣ аз Украина ва пайвастан ба Русия раъйи мусбат доданд.

Яванович ҳамчунин гуфт, ки Маскав бояд 24 маллоҳ ва дигар шаҳрвандони Украинаро, ки ба таъбири ӯ, ғирқонунӣ боздошт шудаанд, ба ин кишвар бозгардонад. Ин мақоми амрикоӣ бо ишора ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ин кишварро таҳдид кард, ки шаш моҳ душвориро пеши рӯ хоҳад дошт.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи шанбе дархости Берлин ва Порисро барои озод кардан маллоҳони украинии боздоштшуда дар Қрим рад кард. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Маскав моил ба мушоҳидаи мавозеи мустақилтари ин кишварҳо дар сиёсати хориҷӣ аст.

Се киштии украинӣ 25 ноябри соли 2018 бо убур аз тангаи Керч вориди маҳдудаи обҳои Русия дар шибҳиҷазираи Қрим шуданд. Ин иқдоми Украина ба вокуниши русҳо ва тавқифи новҳои украинӣ ва 24 нерӯи мустақар дар онҳо мунҷар шуд.

 

Барчасп