Январ 01, 2019 15:27 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди муҳлати хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия

Бо оғози буҳрони Сурия дар соли 2011, Амрико ба унвони сардамдори Ғарб ба ҳамроҳи муттаҳидони аврупоӣ ва араби худ барои дарҳам шикастани меҳвари муқовимат бо сарнагунии давлати қонунии Сурия, талоши худро бар кумакҳои ҳамаҷониба ба гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ мутамаркиз карданд.

Онҳо ба хаёли худ қасд доштанд то ба хосташон, яъне сарнагунии давлати Сурия ва фурӯпошии меҳвари муқовимат дар минтақа даст ёбанд, аммо бо нокомии комил мувоҷеҳ шуданд. Дар воқеъ Амрико нақшаҳои худ дар бораи Сурия, ба вижа рӯйи кор овардани як давлати ғарбгароро нақш бар об мебинад.

Ба гуфтаи Иван Иполитов, коршиноси сиёсӣ, ҳадафи Амрико дар солҳои ахир ҳамвора истифодаи абзорӣ аз терроризм ва ифротгароӣ барои пешбурди сиёсати хориҷии ин кишвар будааст.

Амрико акнун бо камтарин мизони таъсиргузорӣ бар таҳаввулоти Сурия ва ё тағйири мувозинаи қудрат ба нафъи гурӯҳҳои террористӣ бархурдор аст. Дар айни ҳол ҳазинаҳои зиёди идора ва ҳифзи ин нерӯҳо ва аз ҳама муҳимтар рӯйкарди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои коҳиши тааҳҳудоти минтақаии Амрико ва супурдани он ба муттаҳидони минтақаӣ боис шуд то Трамп дар тасмими ғайримунтазира дар 19 –уми декабр эълом кунад, ки нерӯҳои амрикоиро аз Сурия хориҷ мекунад.

Раисҷумҳури Амрико бо эъломи пирӯзӣ дар баробари гурӯҳи террористии ДИИШ, муддаӣ шуд, ки дигар далеле барои боқӣ мондан дар Сурия намебинад.

Бо вуҷуди пофишории Трамп барои хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, акнун вай ночор ба таҷдиди назар дар ин замина шудааст. Дар ин росто, мақомоти давлати Амрико эълом карданд, Трамп бо додани фурсати 4 моҳа барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия, мувофиқат кард. Ин дар ҳоле аст, ки Трамп дар фармони аввалияаш аз фармондеҳони артиши Амрико хоста буд, фавран ва зарфи муддати 30 рӯз тамоми низомиёни ин кишварро аз Сурия хориҷ кунанд.

Ин масъала нишон медиҳад, ки Трамп ҳеҷ гуна фаҳми дуруст ва мубтанӣ бар воқеиёти майдонӣ аз вазъияти нерӯҳои амрикоии мустақар дар Сурия ва низ нерӯҳои муттаҳиди он, яъне шибҳинизомиён кард ва нерӯҳои демократии Сурия надорад.

Дар айни ҳол, сохтори ҳокимиятии Амрико мухолифи иқдоми Трамп буда ва хуруҷ аз Сурияро мухолифи тааҳҳудот ва манофеи минтақаии Амрико медонад.

Ба гуфтаи Нодир Интиссор, устоди донишгоҳи Алабама, ин тасмими Амрико ё беҳтар бигӯем тасмими шахси Трамп комилан дар замони кунунӣ ғайримунтазира буд ва як шок дар баданаи сиёсати хориҷии Амрико эҷод кардааст.

Аз дидгоҳи мунтақидон, тасмими Трамп барои хориҷ кардани нерӯҳои низомии амрикоӣ аз Сурия, ақибгардии комил аст, ки бидуни баррасӣ ва дар назар гирифтани рискҳои эҳтимолии иттихозшуда ва табаоти ҷиддӣ барои Вашингтон ва муттаҳидони минтақаии он хоҳад дошт.

Асосан ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Сурия на ба дархости давлати қонунии Димишқ буда ва на тибқи мусаввабаи Шӯрои амният сурат гирифтааст. Сарфи назар аз далоили хуруҷи эҳтимолии Амрико аз Сурия бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ кард, ки Димишқ борҳо ҳузури низомии Амрико дар Сурияро ғайриқонунӣ ва ба андозаи ишғолгарӣ эълом ва бар лузуми хуруҷи ин нерӯҳо аз Сурия таъкид кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп