Январ 01, 2019 16:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни ҳодисаи Магнитогорск

Шумори қурбониёни ҳодисаи инфиҷори шадид дар сохтмони шаҳри Магнитогорск дар ҳазору 700 километрии шимоли шарқи Маскав афзоиш ёфт.

Ба нақл аз манобеи хабарии тоҷикӣ, мақомоти Русия эълом карданд, шумори қурбониёни ҳодисаи инфиҷори шадид, ки бар асари нашти газ дар як сохтмони чандтабақа иттифоқ афтод, ба ҳашт нафар расидааст ва ҳануз аз сарнавишти даҳҳо тани дигар аз ҷумла як хонаводаи муҳоҷири тоҷик хабаре дар даст нест.

Евгений Зиничев, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи аввали январи 2019 гуфт, амалиёти имдод ва наҷот ба таври муваққат мутаваққиф шудааст.

Вай афзуд: Имдодгарон дар ҳоли таъмири девори вурудии сохтмон ҳастанд, ки дари он имкон вуруд ба бахши дигарро фароҳам мекунад.

Ба гуфтаи имдодгарон, барои анҷоми ин кор як шабонарӯз фурсат лозим аст, ки дар ғайри ин сурат, идомаи амалиёти наҷот метавонад боиси фуру рафтани бахшҳои дигари сохтмон шавад.

Шаҳрдори Магнитогорск дар паёми телевизионӣ гуфт, пас аз таъмироти лозим ва аз байн рафтани хатари эҳтимолии фуру рехтани дигар қисматҳои сохтмон, сокинон метавонанд ба хонаҳои худ бозгарданд.