Январ 01, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Картер дар бораи хатари ҷанги сарди модерни Амрико ва Чин

Яке аз раисони ҷумҳури Амрико дар даврони ҷанги сард дар бораи хатари вуруди дубораи кишвараш ба чунин ҷанге, ин бор бо Чин, ҳушдор дод.

Ҷимми Картер дар чиҳилумин солгарди оддисозии равобити Амрико бо Чин, бо ибрози нигаронӣ аз изҳороти мақомоти ду кишвар гуфт: Дар сурате, ки мақомоти Амрико ва Чин ин таҳдидҳои мутақобили лафзиро ҷиддӣ бигиранд, рух додани ҷанги сарди модерн миёни ду кишвар пешгиринопазир хоҳад буд.

Вай афзуд: Дар ин даврони ҳассос, сӯитафоҳумҳо, муҳосиботи ғалат ва нокомӣ дар пайравӣ аз қавонин дар мавриди манотиқе ҳамчун Тайван ва дарёи Чини ҷанубӣ метавонад боиси афзоиши таниш ва ҳатто бурузи даргирии низомӣ шавад, ки дар чунин сурате фоҷиаи ҷаҳонӣ рух хоҳад дод.  

Ин раисҷумҳури пешини Амрико гуфт: Осонтарин масири ҳамкории Чин ва Амрико дар ҳавзаи Африқо аст ва ду кишвар бо ҳамкорӣ дар ин ҳавза метавонанд ба якдигар барои рафъи беэътимодӣ ва таъсиси дубораи равобити ҳаётӣ, кумак кунанд.

Давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури кунунии Амрико аз авоили 2018 ба тарифаи гумрукӣ бастан бар колоҳои воридотӣ ва барафрухтани оташи ҷанги тиҷорӣ бо шарикон ва рақибони худ аз ҷумла Чин, рӯй овардааст.

Ин иқдоми Трамп бо вокуниши манфии ҷаҳонӣ ва иқдомоти мутақобили Чин мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп