Партоби гази ашковар ба самти муҳоҷирон дар марзи Амрико
(last modified Wed, 02 Jan 2019 05:52:44 GMT )
Январ 02, 2019 10:52 Asia/Dushanbe
  • Партоби гази ашковар ба самти муҳоҷирон дар марзи Амрико

Маъмурони марзии Амрико дар марзҳои ҷанубии ин кишвар бо партоби гази ашковар ба сӯи муҳоҷирон талош карданд аз убури онҳо аз марзи Мекзика пешгирӣ кунанд.

Ба гузориш бомдоди чаҳоршанбеи ИРНО, партоби гази ашковар аз сӯи неруҳои амрикоӣ ба хоки Мекзика ду моҳ пеш низ хабарсоз шуд ва ба дунболи он давлати Нию-Мекзика хостори таҳқиқ дар ин бора шуд.

Мавзӯъи вуруди муҳоҷирон аз марзҳои ҷанубии Амрико ба ин кишвар дар рӯзҳои ахир бо марги ду кудаки гуватмалаӣ, ки дар боздошти маъмурони Иёлоти Муттаҳида будаанд бори дигар хабарсоз шудааст.

Агенти ҳифозати марзӣ ва гумрукии Амрико сешанбе 25 декабр дар баёнияе эълом кард як писарбаччаи 8 солаи гуватмалаӣ дар боздоштгоҳи ин агент ҷон бохтааст.

Ин расвоӣ дар ҳоле буд, ки чанд руз пеш аз он низ як духтарбаччаи 7 сола дар боздоштгоҳи полиси марзии Амрико ҷонашро аз даст дода буд. Ин духтари гуватмалаӣ ва падараш ба далели убур аз марзи Мекзика боздошт шуда буданд.

Трамп пештар ба неруҳои марзбонии Амрико маъмурият дода буд, то ба унвони омиле боздоранда кудаконро аз волидайни худ ҷудо ва дар маконҳои мушаххас бидуни иттилои падару модарҳояшон нигаҳдорӣ кунанд.

Тасовири кудакон дар қафас сабаби шаклгирии эътирозҳои густарда алайҳи сиёсатҳои муҳоҷиратситези Доналд Трамп шуд ва дар ниҳоят низ вай маҷбур шуд дастури лағви ин иқдомро содир кунад.

Марги ин ду кудаки гуватмалаӣ, аммо собит кард дастури лағви ин иқдом сирфан сиёсати эъломӣ буд ва ба лиҳози амалӣ ҳамчунон ин сиёсат идома дорад.