Маҳдуд шудани фаъолияти таксиронони хориҷӣ дар Русия дар соли 2019
Раиси Шӯрои Иттиҳоди синфии ронандагони таксӣ дар Русия муътақид аст, ки дар соли 2019 шароити фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба унвони ронандаи васоили мусофиркашӣ душвортар хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Спутник, Андрей Попков бо ишора ба таҳияи қонуни мамнуияти фаъолияти атбои хориҷӣ дар Русия ба унвони ронандаи таксӣ, ки дар Думаи давлатӣ дар дасти баррасӣ аст, эҳтимоли сахт шудани шароит барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Қазоқистон ва Қирғизистонро баид намедонад.
Вай гуфтааст, ки Қазоқистон ва Қирғизистон узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва гувоҳиномаи ронандагии миллии кишварҳои узви ин иттиҳодия аз эътибори яксон бархурдор аст, аммо ронандагони таксии тоҷикистонӣ ва узбакистонӣ, ки кишварҳояшон узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё нестанд, дар соли 2019 наметавонанд ба унвони ронанда фаъолият кунанд.
Раиси Шӯрои Иттиҳоди синфии ронандагони таксӣ дар Русия мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон бояд бо додани озмун, гувоҳиномаи ронандагии Русияро дарёфт намоянд.
Ба гуфтаи Попков, танҳо дар шаҳри Маскав байни 30 то 40 дарсади ронандагонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил мекунанд, ки дорои гувоҳиномаи кишварҳои худ мебошанд.
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, 50 дарсади ронандагони комюнҳои ширкатҳои тиҷории Русия атбои хориҷӣ ҳастанд, ки ба тадриҷ онон низ бояд дар фикри иваз кардани ин гувоҳиномаҳо ва дарёфти тобеияти русӣ бошанд.
- Матолиби муртабит:
- Имкони таъвизи гувоҳиномаи ронандагии тоҷикон дар Русия
-
Буҳрони камбуди ронанда дар Русия ба иллати лағви гувоҳиномаи ронандагии шаҳрвандони хориҷӣ