Чин сомонаи мушакии “С - 400” – и Русияро озмоиш кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40640-Чин_сомонаи_мушакии_С_400_и_Русияро_озмоиш_кард
Артиши Чин сомонаи дифои мушакии “С – 400” – и Русияро бо муваффақият озмоиш кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 02, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • Чин сомонаи мушакии “С - 400” – и Русияро озмоиш кард

Артиши Чин сомонаи дифои мушакии “С – 400” – и Русияро бо муваффақият озмоиш кард.

Ба гузориши ИРНА, артиши Чин барои нахустин бор аз сомонаи дифои мушакии пешрафтаи “С – 400”, ки аз Русия харидорӣ карда буд, барои ҳадаф қарор додан ва нобуд кардани бархе аз аҳдоф ба сурати озмоишӣ баҳрабардорӣ кард.

Дар ҷараёни ин озмоиш, воҳиди мушакии артиши Чин як ҳадафи баллистики шабеҳсозишударо дар фосилаи 250 километрӣ радёбӣ ва бо партоби мушак бо суръати 3 километр дар ҳар сония онро нобуд кард.

Чин ин сомонаи дифои мушакии пешрафтаро дар чорчӯби як қарордоди семиллиарддолларӣ аз Русия харидорӣ кард.

Русия ва Чин ин қарордодро дар ростои густариши ҳамкориҳои низомӣ дар соли 2015 –и мелодӣ имзо карда буданд .