Видео: наҷоти кудаки 11 моҳа аз зери овор дар Магнитогорск
Январ 02, 2019 12:57 Asia/Dushanbe
Имдодгарон як кудаки 11 моҳаро аз зери харобаҳои бинои чандтабақа дар Магнитогорск наҷот додаанд.
Ба нақл аз Спутник, имдодгарон ин кудакро аз тариқи садои гиряаш пайдо кардаанд.
Ба иттилои мақомоти тандурустии Русия, ин кудак акнун ба илллати сармозадагӣ ва зарба дар ноҳияи сар дар яке аз бемористонҳои Магнитогорск бистарӣ аст.