Январ 03, 2019 11:59 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Оҳиста аз Сурия хориҷ мешавем

Раисҷумҳури Амрико гуфт, пас аз шикасти ДИИШ, нерӯҳои ин кишвар ба оҳистагӣ аз Сурия боз хоҳанд гашт.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико муддаӣ шуд: Ҳатто бо вуҷуди хориҷ шудани нерӯҳои низомии Амрико аз Сурия, боз ҳам аз курдҳои сурӣ муҳофизат хоҳад шуд.  

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 19 декабри 2018 эълом кард, нерӯҳои ин кишвар дар бозаи замонии 30 руза аз Сурия хориҷ мешаванд, аммо пас аз вокунишҳои манфӣ тасреҳ кард: Ин хуруҷ ором ва 120 руза хоҳад буд.

Доналд Трамп ба мавзуи Кореяи Шимолӣ ҳам ишора ва эълом кард: Дар ояндаи на чандон дур барномаи дидор бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолиро эълом мекунад.  

Раисҷумҳури Амрико тасреҳ кард: Робитае хуб бо раҳбари Кореяи Шимолӣ эҷод карда ва ҳеҷгоҳ бар суръати раванди халъи силоҳи ҳастаии ин кишвар таъкид надоштааст.

Вай афзуд: Номае олӣ аз Ким Ҷонг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дарёфт кардааст.

 

Барчасп