Январ 05, 2019 21:53 Asia/Dushanbe

Маросими ифтитоҳияи рақобатҳои футболи Ҷоми миллатҳои осиёи 2019 шомгоҳи шанбе (панҷуми январ) дар варзишгоҳи 43 ҳазор нафарии Zayed Sports City дар шаҳри Абу Забии Иморот баргузор шуд.

Дар ин маросим 600 ҳунарманд аз Иморот ва дигар нуқоти ҷаҳон ширкат доштанд.

Дар ин маросим намоди бузурге аз Ҷоми қаҳрамонӣ дар миёнаи майдон қарор дошт ва маросим перомуни он баргузор шуд.

Шиори Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 «гирди ҳам овардани Осиё» аст.