Ҳатмӣ шудани ангуштнигории коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40720-Ҳатмӣ_шудани_ангуштнигории_коргарони_муҳоҷири_хориҷӣ_дар_Русия
Вазорати умури дохилаи Русия аз иҷрои тарҳи ангуштнигории саросарӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ба вижа кишварҳое, ки бо Маскав низоми раводид надоранд, дар тобистони имсол хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 06, 2019 09:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳатмӣ шудани ангуштнигории коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия

Вазорати умури дохилаи Русия аз иҷрои тарҳи ангуштнигории саросарӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ба вижа кишварҳое, ки бо Маскав низоми раводид надоранд, дар тобистони имсол хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории РИА-Новости, бо ин тарҳ аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ барои тамоми шаҳрвандони хориҷе, ки бо ҳадафи кор ба Русия меоянд, ангуштнигорӣ ва аксбардорӣ ҳатмӣ хоҳад шуд.

Ин тарҳ шомили коргарони муҳоҷири тоҷик низ хоҳад шуд, чунки миёни Тоҷикистон ва Русия низоми раводид вуҷуд надорад ва онон муваззаф мешаванд тайи як ҳафта аз замони вуруди хеш ба Русия дар идораҳои полиси ин кишвар иқомати муваққати худро сабт кунанд.

Қаблан хонум Олга Кирилова мудири Идораи умури муҳоҷирон дар Вазорати кишвари Русия бар зарурати ангуштнигорӣ ва аксбардорӣ аз шаҳрвандони хориҷии ҷӯёи кор дар вурудиҳои ин кишвар таъкид карда буд.

Вай мӯътақид аст, ки бо истифода аз бонки иттилооти кишварҳои узви Иттиҳодия иқтисодии Евразия бояд тамоми шаҳрвандони хориҷии ҷӯёи кор ҳангоми вуруд ба Русия дар посгоҳҳои марзӣ мавриди ангуштнигорӣ ва аксбардорӣ қарор гиранд.

Дар ҳоли ҳозир ин афрод бидуни мамониат вориди Русия мешаванд ва дар сурати иртикоби ҷурму ҷиноёт аз сӯи онон полис ба дунболи муттаҳамон меафтад, ки бо ҳазинаи зиёде барои вазорати кишвари Русия ҳамроҳ аст. Аз ин рӯ бояд шаҳрвандони кишварҳое, ки узви Иттиҳодияи иқтисодии Евразия нестанд ва бо Русия низоми раводиди сафар надоранд, ҳангоми вуруд ба ин кишвар аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ мавриди ангуштнигорӣ ва аксбардорӣ қарор бигиранд, ки тоҷикҳо низ ҷузви ин барнома хоҳанд шуд.