Январ 06, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз идомаи мудохилаи низомии Амрико дар Сурия

Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз идомаи мудохилаи низомии Амрико дар Сурия интиқод кард.

Сергей Рябков муовини вазири умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе гуфт: Боқӣ мондани эҳтимолии Амрико дар хоки Сурия дар ҳар сурат ғайриқонунӣ аст.

Муовин вазири умури хориҷаи Русия афзуд, сиёсати Кохи Сафед барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурия мубҳам ва номушаххас аст.

Пештар шуморе аз мақомҳои аршади рус дар бораи тарҳи хуруҷи эҳтимолии Амрико аз Сурия эълом карданд, ҳар чӣ зудтар низомиёни амрикоӣ аз Сурия хориҷ шаванд, ин кишвар амнтар ва оромтар хоҳад шуд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико, 19 декабри 2018 пас аз 7 сол нотавонии террористҳо дар сарнагун кардани давлати қонунии Сурия эълом кард, ки неруҳои низомии Амрикоро аз Сурия хориҷ мекунад.

Амрико ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ба сурати ғайриқонунӣ дар Сурия ҳузури низомӣ дорад.

 

Барчасп