Коҳиши муҳоҷирситезӣ дар Русия
Коршиноси Созмони муҳоҷират ва қонун дар Русия мӯътақид аст, ки дар ин кишвар руҳияи муҳоҷирситезӣ дар ҳоли коҳиш мебошад.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, хонум Гавҳар Ҷӯраева гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир сиёсати давлати Русия дар қиболи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, дар ҳоли тағйир ва беҳбуд ёфтан аст ва замони он расида, ки бо ин афрод бар асоси адолат ва эҳтиром рафтор шавад. Зеро коргарони муҳоҷири хориҷӣ барои рушди иқтисоди Русия саҳми арзишманд ҳамроҳ мекунанд ва шоистаи он ҳастанд, ки аз ҳуқуқ ва имтиёзоти яксон бо атбои ин кишвар бархӯрдор гарданд. Аз ин рӯ, дар пайи андешидани тадбирҳои муассир, ба тадриҷ сиёсати муҳоҷирситезӣ дар Русия аз байн хоҳад рафт ва коргарони муҳоҷири хориҷӣ ҷойгоҳи муносиб бо каромати инсонии худро дар ин кишвар ба даст хоҳанд овард. Албатта сиёсати ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон низ дар Русия танзим мешавад ва ин ҳаққи Маскав аст, ки аз миёни ин афрод мутахассисони ҳирфаӣ в мавриди ниёзи иқтисоди худро баргузинад. Ба ин далел, ки коргарони муҳоҷир ба умеди зиндагии беҳтар ва пайдо кардани шуғли муносиб ба Русия меоянд ва бояд ин шароит барои онон фароҳам гардад.
Аз дидгоҳи ин коршинос, дар ин кишвар бархе мушкилоти ҳуқуқӣ барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон вуҷуд дорад, ки ба мавзӯи сабти иқомати расмӣ ва дарёфти муҷаввизи кор бармегардад, ки бояд ин афрод низ ба ин қавонин пойбанд бошанд.