Карим Юнус ва ранҷе, ки 37 сола шуд
(last modified Mon, 07 Jan 2019 15:13:03 GMT )
Январ 07, 2019 20:13 Asia/Dushanbe
  • Карим Юнус ва ранҷе, ки 37 сола шуд

Қадимитарин зиндонии фаластинӣ ва қадимитарин асири ҷаҳон, сиву ҳафтумин соли ҳабси худро дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ мегузаронад.  

Бошгоҳи асирони фаластинӣ дар баёнияе эълом кард, Карим Юнус ҳангоми боздошт 25 сол дошт ва бо вуҷуди музокирот ва табодули асироне, ки дар солҳои боздошти вай анҷом шуд, мақомоти режими ишғолгар монеи озодии ин фаластинӣ мешаванд.

Карим Юнус аз рустои Ара дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳангоми боздошт дар соли 1983 як донишҷӯ буд, ки ба иттиҳоми ҳамла ба як низомии исроилӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Карим Юнус қарор буд, бар асоси паймони Осло ҳамроҳ бо 20 зиндонии фаластинӣ озод шавад, аммо мақомоти режими саҳюнистӣ токунун аз озодии ӯ худдорӣ кардаанд.  

Теъдоди асирони фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ то поёни 2018 ба шаш ҳазор асир расидааст.

250 кӯдак, 54 зан, ҳашт намояндаи Шӯрои қонунгузорӣ ва 27 хабарнигори фаластинӣ миёни зиндониён ҳастанд.