20 захмӣ – натиҷаи ҳамла ба дабистоне дар Пекин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40794-20_захмӣ_натиҷаи_ҳамла_ба_дабистоне_дар_Пекин
Кордкашӣ дар мадрасае дар Пекин, пойтахти Чин мӯҷиби маҷрӯҳ шудани 20 донишомӯз шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 08, 2019 15:53 Asia/Dushanbe
  • 20 захмӣ – натиҷаи ҳамла ба дабистоне дар Пекин

Кордкашӣ дар мадрасае дар Пекин, пойтахти Чин мӯҷиби маҷрӯҳ шудани 20 донишомӯз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, марде имрӯз, сешанбе, бо корд ба донишомӯзони мадрасае дар Пекин ҳамла кард, ки бар асари он 20 нафар захмӣ шуд. Ҳоли се донишомӯз ногувор эълом шудааст.

Фарди муҳоҷим пас аз ин ҳамла боздошт шудааст, вале ҳанӯз гузорише дар бораи ангезаи фарди муҳоҷим мунташир нашудааст.