Январ 09, 2019 14:00 Asia/Dushanbe
  • Толибон чанд ҳазор нерӯ дар Афғонистон дорад?

Таҳқиқоти як устоди донишгоҳ дар Донишгоҳи салтанатии Лондон нишон медиҳад, ки шумори аъзои Толибони Афғонистон бисёр бештар аз баровардҳое аст, ки мақомоти амрикоӣ аз теъдоди нерӯҳои ин гурӯҳ доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Тасним, Толибони Афғонистон дар ҳоли пешравӣ ва касби манотиқи бештар аст ва акнун ин гурӯҳ дар қавитарин ҳолати худ дар 17 соли гузашта ва аз замони оғози ҷанг дар соли 2001 қарор дорад.

Баровардҳои мақомоти амрикоӣ баёнгари он аст, ки шумори аъзои Толибон аз 20 ҳазор нафар дар солҳои ахир ба 60 ҳазор нерӯ дар соли 2018 афзоиш ёфтааст, аммо Антонио Гюстоззи, устоди Донишгоҳи салтанатии Лондон муътақид аст, ки омори воқеӣ бисёр бештар аз ин рақам эълом шудааст.

Бар асоси таҳқиқоти Гюстоззи, ки борҳо таҳқиқот дар бораи Толибон анҷом додааст, ин гурӯҳ ҳудуди 150 ҳазор нерӯ дорад, ки 60 ҳазор нафари онҳо аъзои доимӣ ва бақияи нерӯҳо низ аъзои маҳаллӣ ва нимавақти Толибон ҳастанд.

Ин гурӯҳ дар ҳавзаи густурдае аз манотиқи рустоии Афғонистон ироаи хадамот кардааст ва ба ҷамъоварии молиёт ва эъмоли қонун мепардозад.

Ин устоди донишгоҳ идома дод, ки аз маҷмӯи 150 ҳазор узви Толибон, аъзои маҳаллии ин гурӯҳ ба нудрат дар хориҷ аз рустоҳо ва маҳалли иқомати худ меҷанганд.

Чанде пеш сарбозраси вижаи Вазорати дифои Амрико дар гузорише дар бораи шумори нерӯҳои Толибон маҷмӯи аъзои ин гурӯҳро 40 ҳазор нафар тахмин зада буд, аммо нашрияи “Лонгвор журнал” бо таваҷҷуҳ ба шиддати даргириҳо дар Афғонистон ва шумори талафоти Толибон, омори мақомоти амрикоиро ғайримантиқӣ хонд.

 

Барчасп