Сарнавишти яксони қирғизҳо ва туркманҳои шигифтисоз
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40830-Сарнавишти_яксони_қирғизҳо_ва_туркманҳои_шигифтисоз
Дар мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 тими Туркманистон ҳам дар бозии нахусти худ сарнавиште чун сарнавишти Қирғизистон ёфт.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 09, 2019 16:53 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти яксони қирғизҳо ва туркманҳои шигифтисоз

Дар мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 тими Туркманистон ҳам дар бозии нахусти худ сарнавиште чун сарнавишти Қирғизистон ёфт.  

Тими миллии футболи Туркманистон бо ин, ки дар нимаи аввал бо так голи зебои Амонов аз ҳарифи соҳибноми худ Ҷопон пеш афтода буд, аммо дуруст ба монанди Қирғизистон, онҳо низ натавонистанд дар нимаи дувум аз пирӯзии боарзиши худ муҳофизат кунанд.  

Туркманҳо дар миёнаҳои нимаи дувум се гол дарёфт карданд ва пас аз он як голи дигар ҳам заданд, то дар ниҳоят бозӣ бо натиҷаи 3-2 ба поён расид ва туркманҳо низ сарнавиште монанди Қирғизистон насибашон шуд.

Тими миллии Қирғизистон ҳам дар нимаи аввал тими миллии Чинро бо як гол шикаст дода буд, аммо дар нимаи дувум бо ду гол мағлуби шогирдони Марчелло Липпи шуд.

Ин ду тим бо вуҷуди таҳаммули шикаст, дар Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 фаротар аз интизор зоҳир шуданд ва бозндагони сарбаланд буданд.  

Дар панҷумин рӯзи баргузории мусобиқоти футболи Ҷоми миллатҳои Осиё ду бозии дигар низ баргузор мешавад, ки бозии Узбакистон ва Уммон бо натиҷаи 0-0 идома дорад.

Бозии севум имрӯз низ байни ду тими Лубнон ва Қатар баргузор хоҳад шуд.