Январ 10, 2019 12:09 Asia/Dushanbe
  • Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои минтақа дар Самарқанд

Шаҳри тоҷикнишини Самарқанд дар маркази Узбакистон рӯзҳои 12 ва 13 январ мизбони Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои минтақа хоҳад буд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, қарор аст, дар ин нишаст вазирони хориҷаи кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Ҳинд ширкат кунанд.

Манобеи ҳукумати Тоҷикистон аз дидор ва гуфтугӯҳои Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷаи ин кишвар бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Самарқанд хабар доданд.

Дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои минтақа масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ дар иртибот бо дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар нишасти Самарқанд бахши вижае ҳам ба баррасии авзои Афғонистон ихтисос хоҳад ёфт.

Тасмим бар ин аст, ки чунин нишастҳое дар оянда ба таври муназзам доир шавад.

Истиқрори ДИИШ бо кумаки Амрико ва ҳампаймононаш дар шимоли Афғонистон ва наздикии марзҳои ин кишвар бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи нигарониҳои аслии ин ҷумҳуриҳо дар масъалаи амният аст.