Январ 14, 2019 13:02 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти наҷоти ДИИШ аз зиндони Толибон тавассути низомиёни амрикоӣ

Низомиёни амрикоӣ дар амалиёте 40 узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз зиндони Толибон дар вилояти Бодғиис Афғонистон озод карданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, низомиёни амрикоӣ бо ҳамла ба зиндони Толибон дар шаҳристони Ҷаваанд дар вилояти Бодғис, 40 узви гурӯҳи такфирии ДИИШ-ро аз зиндони Толибон озод ва бо болгардҳои низомӣ ба макони номаълуме мунтақил карданд.

Абдуллоҳ Афзалӣ, муовини шӯрои вилояти Бодғис гуфт, гурӯҳи Толибон 6 моҳ пеш даҳҳо узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз шаҳрвандони кишварҳои Узбакистон, Қазоқистон, Русия ва Чин зиндонӣ карда буд.

Ҷамшед Шаҳобӣ, сухангӯи устондори Бодғис низ гуфт, низомиёни амрикоӣ дар амалиёте дар вилояти Бодғис, 18 нафар аз гурӯҳи Толибонро кушта ва 40 узви ДИИШ-ро аз зиндон азод карданд ва бо худ бурдаанд.

Қори Юсуф Аҳмадӣ, як сухангӯи Толибон низ бо таъйди ин хабар гуфт, пеш аз ин низомиёни амрикоӣ дар вилояти Форёб 200 узви гурӯҳи террористии ДИИШ-ро аз муҳосираи ин гурӯҳ наҷот дода буданд.

Гурӯҳи Толибон дар як соли ахир амалиёти мутааддидеро барои поксозии гурӯҳи террористии ДИИШ дар бархе аз манотиқи мухталиф Афғонистон анҷом додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки раванди ҳимоят аз ДИИШ тавассути низомиёни амрикоӣ дар солҳои ахир ба сурати қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфта тавре, ки борҳо эътирози мақомоти афғон ва кишварҳои минтақаро ба ҳамроҳ доштааст.