Ҳушдори Лукашенко ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40959-Ҳушдори_Лукашенко_ба_Русия
Раисҷумҳури Беларус ҳушдор дод, Маскав мумкин аст, танҳо муттаҳиди худ дар ғарбро ба далели масъалаи молиёт бар нафти содиротӣ ба Беларус аз даст бидиҳад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 14, 2019 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Лукашенко ба Русия

Раисҷумҳури Беларус ҳушдор дод, Маскав мумкин аст, танҳо муттаҳиди худ дар ғарбро ба далели масъалаи молиёт бар нафти содиротӣ ба Беларус аз даст бидиҳад.  

Александр Лукашенко эълом кард, Русия дар сурати пофишорӣ бар мавзеи худ дар бораи молиёт гирифтан аз Беларусро ба унвони танҳо муттаҳид дар ғарби худ аз даст хоҳад дод.

Вай чанде пеш низ дар бораи паёмадҳои қатъи тасҳилоти молиётии Русия дар содироти нафт ба Беларус ҳушдор дода буд.  

Гуфтанӣ аст, Беларус нафти мавриди ниёзи худро аз Русия бо қиммати поинтар аз қимати нафт дар кишварҳои аврупоӣ мехарад ва бахши бузурге аз нафти воридотӣ бидуни пардохти молиёт ба тарафи русӣ пас аз фароварӣ дар полоишгоҳҳои нафти Беларус, бо қимати болотар ба кишварҳои хориҷӣ фурӯхта мешавад.  

Русҳо муътақиданд, Беларус аз ин роҳ даромадҳои калоне касб мекунад, бинобарин хостори поён додан ба ин вазъият ва афзоиши баҳои нафти содиротӣ ба Беларус бо дарёфти молиёт шудаанд.

Раисони ҷумҳури Русия ва Беларус дар як моҳи ахир ду бор барои ҳалли мавзуоти мавриди ихтилоф дар ҳавзаи нафту газ бо якдигар дидор кардаанд, аммо ба натиҷае нарасидаанд.