Январ 15, 2019 17:58 Asia/Dushanbe

Як сарояндаи афғонистонӣ, ки шабоҳате хиракунанда бо нахуствазири Канада дорад, мавзуи расонаҳо шудааст.

Шабакаи телевизионии канадаии CBC бадали Ҷастин Трудо, нахуствазири Канадаро дар Афғонистон пайдо кард.

Бадали афғонистонии Ҷастин Трудо, ки шабоҳати хиракунандае бо ин сиёсатмадори канадаӣ дорад, байни ширкаткунандагон дар намоиши музикали ситораи афғон пайдо шуд.

Ин сарояндаи афғон, ки Абдуссалом Мафтун ном дорад, пас аз мунташир шудани аксҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ошкор шудани шабоҳати зиёдаш бо нахуствазири Канада ба Салом Трудо шуҳрат пайдо кардааст.

Абдуссалом Мафтун бо шухӣ мегӯяд: Ба тозагӣ бародари аршадамро, ки дар кӯдакӣ вайро гум карда будам, пайдо кардам!