Могерини дар нишасти зиддиэронии Полша ширкат намекунад
Як сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо ҳузури масъули сиёсати хориҷии ин иттиҳодияро дар нишасти зиддиэронии Полша амалан мунтафӣ донист.
Ин мақоми Иттиҳодияи Аврупо, ки номаш мунташир нашудааст, дар мусоҳиба бо ИРНО, дар Лондон гуфт ширкати Федерика Могерини мусъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврпуо дар нишасти Полша бисёр дур аз зеҳн ба назар мерасад; зимни инки барномаи кории Могеринӣ фишурдааст ва ӯ дар рӯзҳои баргузории ин нишаст, сафари дигаре дорад.
Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа аз баргузории нишасте зидди эронӣ дар рӯзҳои 13 ва 14 феврал дар Варшава пойтахти Полша хабар дод.
Муҳаммадҷаводи Зариф дар вокуниш ба ин тавтеъаи Амрико тввит кардааст: Эрон аз ҳамеша қавитар аст ва касоне ки дар охирин намоиши зидди эронии Амрико ширкат карданд ё мурдаанд ва ё бо беобуруӣ ба ҳошия ронда шудаанд.