Январ 17, 2019 20:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими таслиҳотии Дания алайҳи Иморот

Давлати Дания фурӯши таслиҳот ба Иморотро ба далели нақши Абу Забӣ дар буҳрони Яман ба ҳоли таълиқ даровард.

Ба гузориши хабаргузории Анатоли, Андерс Самуэлсен, вазири умури хориҷаи Дания дар парлумони ин кишвар эълом кард, ки ба таваққуфи судури муҷаввизи содироти аслиҳа ба Иморот, иқдом кардааст.

Дания ҳамчунин дар ноябри 2018 фурӯши таслиҳот ба Арабистонро ба далели даст доштани ин кишвар дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ ва низ буҳрони инсонӣ дар Яман ба ҳоли таълиқ даровард.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазорнафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

 

Барчасп