Таъйиди боздошти бидуни иттиҳоми Марзия Ҳошимӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41062-Таъйиди_боздошти_бидуни_иттиҳоми_Марзия_Ҳошимӣ
Додгоҳе дар Амрико таъйид кард, хабарнигори шабакаи Пресс ТВ бидуни иттиҳом ва сирфан ба унвони як “шоҳиди калидӣ” дар як парвандаи номушаххас боздошт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 19, 2019 10:25 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди боздошти бидуни иттиҳоми Марзия Ҳошимӣ

Додгоҳе дар Амрико таъйид кард, хабарнигори шабакаи Пресс ТВ бидуни иттиҳом ва сирфан ба унвони як “шоҳиди калидӣ” дар як парвандаи номушаххас боздошт шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Асошейтед Пресс, додгоҳе дар Амрико дирӯз таъйид кард, Марзия Ҳошимӣ, хабарнигор ва муҷрии сиёҳпӯст ва мусалмони шабакаи Пресс ТВ дар Вашингтон дар боздошт ба сар мебарад.

Бар асоси асноди ин додгоҳ, ки ба дастури Брил Ҳовел, қозии додгоҳи минтақаӣ мунташир шуда, Ҳошимӣ ба унвони “шоҳиди калидӣ” -и як парвандаи номушаххас боздошт шуда ва иттиҳоме алайҳи ӯ матраҳ нашудааст.

Вай то кунун ду бор барои адои шаҳодат дар як додгоҳи минтақаӣ дар баробари қозии расидагикунанда ба ин парванда ҳозир шуда ва ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ пас аз такмили шаҳодат, озод мешавад. Бо ин вуҷуд ҳеҷ замоне барои озодии вай эълом нашудааст.

Бар асоси як қонуни қадимӣ дар Амрико, давлати федерали Амрико метавонад афродро бидуни иттиҳом ва сирфан ба унвони шоҳиди калидии як парванда боздошт кунад. Рекордо Боскуос, устоди барҷастаи ҳуқуқи донишгоҳи Маёми рӯзи гузашта гуфт, давлати Амрико замоне аз ин равиш истифода мекунад, ки қасд дорад касеро боздошт кунад, аммо далели қобили қабуле барои ин кор надорад.

Ҳошимӣ якшанбеи ҳафтаи гузашта дар ҳоле, ки дар фурудгоҳи Ст. Луис ба сар мебурда, тавассути полиси федерали Амрико боздошт ва ба Вашингтон мунтақил шудааст. Бар асоси баёнияи хонавода ӯ, Ҳошимӣ то 48 соат натавониста вазъияти худро ба хонаводааш иттилоъ диҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар зиндон ҳиҷоби вай ба иҷбор бардошта шуда ва ғизои ҳалол низ дар ихтиёри вай қарор нагирифтааст.

Полиси федерал ва Ввазорати хазонадории Амрико то кунун аз изҳори назар дар мавриди ин парванда худдорӣ карда буданд.

Ҳарчанд мақомҳои амрикоӣ ба Асошейтед Пресс гуфтанд, ки интизор меравад баъд аз шаҳодати Марзия Ҳошимӣ дар баробари ҳайати мунсифаи ӯ фавран озод шавад, писари аршади хонум Ҳошимӣ рӯзи ҷумъа дар бораи ин мавзуъ ибрози шакку тардид кард ва гуфт, ки маълум нест барои чӣ муддате ҷаласоти “шаҳодат” -и ӯ дар додгоҳ ба тӯл хоҳад анҷомид.

Ҳусайни Ҳошимӣ, ки дар берун аз ҷаласаи додгоҳ мунтазири шунидани хабаре аз модараш буда, ба ин расона гуфт: “Мо умедвор ҳастем, ки додгоҳ поён ёбад ва ӯ ҳамин ҳафта озод шавад, аммо ин тавр ба назар намерасад, ки қарор бошад чунин иттифоқе бияфтад, дар натиҷа мо фақат мунтазири шунидани хабарҳои бештар ҳастем”.