Боздошти барандаи Пресс ТВ; расвоии ҳуқуқи башарии нави Амрико
Амрико ҳамвора худро аслитарин ҳомии озодӣ ва ҳуқуқи башар қаламдод ва мудом дигар кишварҳоро ба поймолсозии ҳуқуқи башар муттаҳам мекунад. Бо ин ҳол ба гуфтаи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, Амрико аз бузургтарин поёмолсозони ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ба ҳисоб меояд.
Навтарин мавриди поймолсозии фоҳиши ҳуқуқи башар дар Амрико ба боздошт ва рафтори ғайриинсонӣ бо Марзия Ҳошимӣ хабарнигор ва барандаи шабакаи хабарии Пресс ТВ бар мегардад. Ин барандаи амрикоитабор барои дидор бо хонавода ва бародари бемори худ ба Амрико рафта буд, ки бидуни ҳеҷгуна иттиҳоме дар фурудгоҳи Сант Луис боздошт ва ба Вашингтон интиқол дода шуд. Ҳошимӣ дар тамоси телефонӣ ба хонаводаи худ гуфтааст, ки авомили ин боздоштгоҳ рафтори тавҳиномез ва номуносибе бо ӯ дошта ва ҳиҷоби уро бардоштаанд.
Калин Кампбел хабарнигори Пресс ТВ шароити нигаҳдории Марзия Ҳошимиро дар боздоштгоҳ бисёр бад тавсиф карда ва аз бардоштани ҳиҷоби ӯ тавассути маъмурони амрикоӣ ва маҳрум кардани ӯ аз хурдани ғизои ҳаллол хабар додааст.
Амрико дар ҳоле як баранда ва хабарнигорро дар зодгоҳаш боздошт карда, ки Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар саҳифаҳои иҷтимоии худ озодии баёнро аз муқаддастарин ва муҳимтарин озодиҳои тасреҳшуда дар Қонуни ассосии Амрико дониста ва иддао шуда, ки аҳамият ва арзиши озодии баён дар Амрико дар авҷ аст.
Бо ин ҳол давлати Амрико барои бархурд бо Марзия Ҳошимӣ аз фурсати сафари вай ба Амрико сӯи истифода карда ва зимни боздошти ғайриқонунии вай, бадтарин бархурдҳоро бо ин барандаи озодандеш ва мунтақид дошта ва ҳатто ӯро дар зиндон ба ғулу занҷир кашидааст.
Марзия Ҳошимӣ бо номи аввлияи Мелани Франклин дар иёлати Келерадои Амрико ба дунё омада ва дар риштаи расона таҳсил кардааст. Ӯ дар ҷавонӣ таҳти таъсири шахсияти имом Хумайнӣ (р), раҳбари инқилоби исломии Эрон мусулмон шуд ва ба Эрон муҳоҷират кард. Вай солҳо дар шабакаи хабарии Прес ТВ хидмат карда ва нақши таъсиргузоре дар интиқод аз сиёсатҳои зурмадорона ва ғайри инсонии Амрико доштааст.
Боздошти Марзия Ҳошимӣ ҳудуди як моҳ пас аз он сурат мегирад, ки Созмони гузоришгарони бидуни марз дар тозатарин гузориши солонаи худ, Амрикоро шашумин кишвари хатарноки ҷаҳон барои хабарнигорон муъаррифӣ кард.
Брусс Диксон коршиноси амрикоӣ ба Пресс ТВ гуфт, озодии баён дар Амрико сирфан як шиор аст, ки ба он амал намешавад, зеро давлатҳои Обама ва Трамп ҳамвора хабарнигорони мунтақидро мавриди азияту озор қарор дода ва ҳатто бархе аз ононро муҳокима кардаанд. Давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳури кунунии Амрико низ дақиқан ҳамон равиши давлати пешини Амрикоро дар бадрафторӣ бо хабарнигорони мунтақид идома медиҳад.
Боздошти ғайриқонунии Марзия Ҳошимӣ ва рафтори ғайри инсонӣ бо ӯ бахубӣ моҳияти зидди ҳуқуқи башарии давлати Амрико нишон медиҳад; ба вижа инки дар давраи зимомдории Доналд Трамп ва ошкоро шиорҳои нажодпарастона ва исломситезона медиҳад ва бар беэътиноӣ ба мавозини ҳуқуқи башарӣ таъкид мекунад. Дар воқеъ бархурди ғайри инсонии давлати Трамп бо Марзия Ҳошимӣ, ба далели сиёҳпуст ва мусулмон будан ва низ интиқодоти вай аз Амрико, дучандон будааст.
Барағми шиорҳои давлати Амрико дар заминаи риояти ҳуқуқи башар ва ҳифозат аз ҳуқуқ ва озодиҳои фардӣ ва иҷтимоӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар ин кишвар амалкарди ин давлат дар масоили мухталифе монанди бархурд бо бумиён, ақаллиятҳо ва сиёҳ пустон, вазъи зиндониён, таҷовуз ба ҳарими хусусӣ ва бисёре мавориди дигар нишодиҳандаи иддаоҳои дуруғи Вашингтон дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар аст.