Январ 19, 2019 19:07 Asia/Dushanbe
  • Охирин ҳарфҳои инсон дар остонаи марг чист?

Лизи Смарт, донишманди забоншинос китоберо мунташир карда, ки дорои роиҷтарин ҷумалоте аст, ки одамҳо дар остонаи марги худ ба забон меоваранд.

Ба гузориши Спутник, ин донишомухтаи Донишгоҳи Калифорния пас аз марги падараш тасмим гирифт, чунин китоберо мунташир кунад.

Падар Лизи Смарт, ки равоншинос буд, дар остонаи марг мусиқӣ гӯш карда ва дар ҳолати эҳтизор(ҷон ба ҳақ супурдан) калимоти берабтеро ба забон оварда буд.

Китоби Лизи Смарт дорои ду ҳазор ҷумла аст, ки 181 нафар дар остонаи марг бар забон овардаанд.

Бар асоси натоиҷи ин китоб, маъмулан одамҳо қабл аз рафтан аз дунё ҷумалоти баёнгари ҳаққшиносӣ ва ишқ ба наздикон бар забон меоваранд ва ҳамчунин дархости кумак мекунанд.

Бархеҳо модари худро садо мекунанд ё фӯҳшу носазо бар забон меоваранд ва баъзе аз афрод низ дар ҳоли марг калимоти берабте мегӯянд.

Донишманди забоншиноси амрикоӣ мегӯяд, аксарияти мутлақи мардум дар охирин лаҳзоти зиндагӣ, дучори дард ва ранҷи зиёде ҳастанд ва тавони бар забон овардани суханони романтик ва зебо надоранд аз ин рӯ, инсонҳо набояд ҳарфҳои охир ва васиятҳои худ ба хешовандон ва наздиконро ба дақоиқи вопасини ҳаёт вогузор кунанд.