Ихроҷи беш аз понздаҳ ҳазор неруи артиши Туркия дар соли 2018
Вазорати дифои Туркия дар баёнияе аз ихроҷи беш аз 15 ҳазор нафар аз неруҳои артиши ин кишвар дар соли 2018 ба иллати иртибот бо гурӯҳи Гулен хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Тасним, бар асоси ин баёния дар ростои мубориза бо афроди муртабит бо гурӯҳи Гулен дар артиши Туркия 15 ҳазору 213 нафар аз кор ихроҷ шуда ва 6 ҳазору 838 нафар ба додгоҳҳо муаррифӣ шудаанд.
Пас аз кудатои низомии нофарҷоми 15 июли 2016 дар Туркия, даҳҳо ҳазор нафар ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи Гулен дар ин кишвар боздошт ва ҳудуди 120 ҳазор нафар аз шуғлҳои давлатӣ ихроҷ шудаанд.
Давлати Анкара муътақид аст, Фатҳуллоҳ Гулен ва ҳаводорони вай бо ташкили гурӯҳе ва бо рахна дар сохторҳои додгоҳӣ, низомӣ, омӯзишӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ, кудатои нофарҷоми низомии 15 июли 2016-ро созмондиҳӣ карданд, аммо Гулен ин иттиҳомҳоро борҳо рад кардааст.