Сездаҳ кушта ва захмӣ дар инфиҷори Африни Сурия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41097-Сездаҳ_кушта_ва_захмӣ_дар_инфиҷори_Африни_Сурия
Инфиҷор дар як автобуси мусофирбарӣ дар шаҳри Африни устони Ҳалаб, шимоли Сурия, ба кушта шудани се тан ва захмӣ шудани 10 тани дигар мунҷар шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 20, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Сездаҳ кушта ва захмӣ дар инфиҷори Африни Сурия

Инфиҷор дар як автобуси мусофирбарӣ дар шаҳри Африни устони Ҳалаб, шимоли Сурия, ба кушта шудани се тан ва захмӣ шудани 10 тани дигар мунҷар шуд.

Пойгоҳи хабарии муоризи Анаб бо эъломи ин хабар афзуд: Вуҷуди як бастаи инфиҷорӣ дар ин автобус омили инфиҷор будааст ва эҳтимоли афзоиши теъдоди куштаҳо вуҷуд дорад.

Ҳануз ҳеч гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.