Коршиноси олмонӣ: Амрико дар баробари ҳамлаи атомии Русия шонси дифоъ надорад
Коршиноси Донишгоҳи Дортмунд дар умури халъи силоҳ мегӯяд, дар сурати ҳамлаи ҳастаии Русия, Амрико қодир нахоҳад буд, аз худ дифоъ кунад.
Спутник ба нақл аз нашрияи Девич Ланд Фанк навишт: Юрген Алтман, коршиноси Донишгоҳи Дортмунди Олмон дар умури халъи силоҳ муътақид аст, Иёлоти Муттаҳида дар сурати даргирии бузург, қодир нахоҳад буд, ҳамалоти ҳастаии Русияро дафъ кунад.
Вай, ки нақшаҳои Доналд Трампро барои партоби паҳпод (ҳавопаймои бидуни сарнишин)-и вижа ба фазо, ки битавонад аз Амрико дар муқобили ҳамлаҳои ҳастаӣ дифоъ кунад, арзёбӣ мекард, гуфт: Низомиёни амрикоӣ агар фикр кунанд, ки бо кумаки навъе сипар хоҳанд тавонист, аз худ дар муқобили мушакҳо дифоъ кунанд, дучори иштибоҳи бузурге хоҳанд шуд.
Алтман гуфт, дастгоҳҳои раҳгири мушакҳо барои ҳадаф қарор додани мушакҳои русӣ танҳо 10 дарсад шанс доранд.
Ба ақидаи коршиноси олмонӣ, рақобати низомӣ дар фазо ҷаҳонро ба хатар хоҳад андохт, зеро дар мадори замин ду артиши фазоӣ зоҳир хоҳад шуд, ки дар ҳар лаҳза метавонанд ба далели иштибоҳ дар барномаи роёнаӣ ба сӯи якдигар тирандозӣ кунанд, ки ин низ ба ҷанге бузургмиқёс рӯи замин мунҷар хоҳад шуд.