Толибон кушта шудани Мулло Яъқубро рад кард
(last modified Tue, 22 Jan 2019 10:17:15 GMT )
Январ 22, 2019 15:17 Asia/Dushanbe
  • Толибон кушта шудани Мулло Яъқубро рад кард

Сухангӯи гурӯҳи Толибон дар твитте хабари кушта шудани Мулло Яъқуб яке аз аъзои раҳбарии ин гурӯҳ дар Пешовари Покистонро рад кард.

Ба гузориши ИРНА, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи сешанбе дар “Твиттер” бо радди хабари кушта шудани Мулло Яъқуб, онро шоеапарокании давлати Афғонистон донист. Муҷоҳид афзудааст, ки пас аз кушта шудани шумори зиёде аз нерӯҳои амниятии давлати Афғонистон дар ҳамлаи Толибон дар Майдон Вардак давлати Кобул ба ин шоеапароканӣ иқдом кардааст.

Манобеи хабарӣ дар Афғонистон шаби гузашта хабари кушта шудани Мулло Яъқуб, писари аршади Мулло Умарро мунташир карда навиштанд, ки ӯро афроди мусаллаҳи ношинос дар Пешовари Покистон террор кардаанд.