Январ 23, 2019 18:12 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуъ муқобили дафтари Созмони милал дар Эрон барои озодии Марзияи Ҳошимӣ

Шуморе аз ниҳодҳо ва анҷуманҳои расонаии Эрон дар эътироз ба боздошти Марзияи Ҳошимӣ, муҷрии шабакаи Пресс Тиви муқобили дафтари Созмони милал дар Теҳрон таҷаммуъ карданд.  

Дар ин таҷаммуъ ҷамъе аз коркунони муовинати бурунмарзии созмони садо ва симои Эрон, шабакаи Пресс Тиви, созмони басиҷи расона, маркази басиҷи расонаи миллӣ ва гурӯҳе аз хабарнигорон ва нависандагони анҷумани рӯзноманигорони мусулмон, бо сар додани шиорҳое озодии Марзияи Ҳошимиро хостор шуданд.  

Ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ дар баёнияе бо ҳимоят аз Марзияи Ҳошимӣ эълом карданд: Боздошти беқоида ва хилофи қонуни муҷрии шабакаи Пресс Тиви танҳо аз сари истисоли дастгоҳи ҳокимаи Амрико дар қиболи нигариши мутафовити Марзияи Ҳошимӣ аст.

Коркунони созмони садо ва симои Эрон хабарнигорон ва нависандагони анҷумани рӯзноманигорони мусулмон дар ин баёния, масъулияти ҳаргуна садамаи ҷисмӣ ва рӯҳӣ ба Марзияи Ҳошимиро мутаваҷҷеҳи давлат, дастгоҳи қазоӣ ва полиси Амрико донистанд.