Русия дар нишасти зиддиэронии Полша ширкат намекунад
(last modified Wed, 23 Jan 2019 14:34:06 GMT )
Январ 23, 2019 19:34 Asia/Dushanbe
  • Русия дар нишасти зиддиэронии Полша ширкат намекунад

Бино бар эъломи вазири хориҷаи Полша, Русия эълом кардааст, ки дар зиддиэронии Варшава ширкат нахоҳад кард.  

Ҷакеч Кужопутович, вазири хориҷаи Полша гуфт: Ин масъала ҳокӣ аз он аст, ки Русия ба ин конфронс алоқае надорад, аммо ҷои шарм аст, зеро Русия нақши бузурге дар Ховари Миёна бозӣ мекунад.

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ рӯзи душанбе тайид кард, ки дар нишасти зиддиэронӣ, ки ба даъвати Амрико ва ба мизбонии Варшаваи пойтахти Полша баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард.  

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки қабл аз нишасти вазирони хориҷаи ин иттиҳодия дар Брюссел суҳбат мекард, дар посух ба саволе дар бораи инки оё дар нишасти Полша суҳбат мекунад ё хайр гуфт: “Гумон мекунам, он рӯзҳо сафаре ба Нишасти Иттиҳодияи Африқо ва дидорҳое дар шохи Африқо хоҳам дошт”.