Январ 24, 2019 13:42 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар бораи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз ҳузури низомиёни амрикоӣ дар кишвараш ҳимоят кард.  

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳошияи Нишасти Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод (World Economic Forum) дар шаҳри Довуси Швейтсария дар бораи гузоришҳо мабнӣ бар хуруҷ ва ё коҳиши эҳтимолии низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон гуфт: Ин нерӯҳо то замони барқарории сулҳ дар Афғонистон, ҳузур хоҳанд дошт.

Вай афзуд: Коҳиши эҳтимолии низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон тавоноиҳои размии нерӯҳои боқимондаи амрикоӣ дар Афғонистонро таҳти таъсир қарор нахоҳад дод.

Ахиран гузоришҳое мабнӣ бар хуруҷи эҳтимолии низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон мунташир шудааст.