Замонбандии хуруҷи Амрико аз Афғонистон меҳвари музокироти Толибон бо Амрико
Чаҳорумин даври музокироти гурӯҳи Толибон бо Амрико дар Доҳа бо меҳварияти замони хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон идома ёфт.
Ба гузориши Хабаргузории бурунмарзии садо ва симои Эрон, бар асоси тавофуқи гурӯҳи Толибон ва ҳайати амрикоӣ дар Доҳаи Қатар, Вашингтон ҷадвали замонбандии хуруҷи неруҳояш аз Афғонистонро эълом хоҳад кард ва гурӯҳи Толибон низ замонат хоҳад дод, ки ҳеҷ гурӯҳи террористӣ аз хоки Афғонистон таҳдиде барои кишварҳои дигар нахоҳад буд.
Бар асоси ин гузориш дар ройзаниҳои чаҳоррӯзаи Доҳа, намояндагони Толибон ва Амрико дар бораи хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон, лағви маҳдудияти сафари раҳбарони Толибон ва мубодилаи зиндониён гуфтугӯ кардаанд.
Ҳамчунин ду тараф тавофуқ карданд, мавзӯъоти матраҳшуда дар ин нишаст дар гуфтугуҳои мустақими гурӯҳи Толибон бо давлати Кобул низ баҳс ва баррасӣ шавад.
Музокироти байни ҳайати Амрико ба раёсати Залмай Халилзод ва гурӯҳи Толибон ба раёсати Шермуҳаммад Аббос Стонакзай рӯзи душабеи гузашта пас аз лағви ду нишасти қаблӣ оғоз шуд.
Музокираи Залмай Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳ бо гурӯҳи Толибон дар ҳолест, ки бисёре аз уламо, намояндагони маҷолис ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Афғонистон бар азсаргирии музокироти байниафғонӣ ва гурӯҳи Толибон таъкид доранд.