Январ 26, 2019 12:32 Asia/Dushanbe
  • 50 кушта ва 200 гумшуда дар ҳодисаи шикастани сад дар Бразилия

Шикастани як сад дар наздикии шаҳри Брумадинҳо (Brumadinho), дар иёлати Минас Герайс, ҷануби шарқи Бразилия, дастикам 50 кушта ва 200 гумшуда барҷой гузошт.

Ба гузориши “Форс”, ин сад, ки дар канори як маъдан (кон) - и оҳан қарор дошт, зуҳри ҷумъа (ба вақт маҳаллӣ) шикаст.

Бар асоси эъломи мақомоти маҳаллӣ, дар замони вуқӯи ин ҳодиса 300 коргар дар кони Фейҷао ҳузур доштанд, ки 100 нафари онҳо тавонистанд хориҷ шаванд.

Созмони оташнишонии шаҳри Брумадинҳо бо баёни ин ки нигаронии аслӣ акнун ёфтани ҳарчӣ зудтари гумшудагон аст, аз фиристодани чанд адад чархбол ба минтақа барои берун кашидани бозмондаҳо аз об хабар дод.

Имдодгарон низ ба минтақа фиристода шудаанд то он даста аз сокинони манотиқ фурудастро, ки дар маърази селоб қарор доранд, фавран ба баландиҳо мунтақил кунанд.

Манобеи маҳаллӣ эълом карданд, селоб бахшҳои васее аз ин минтақаро фаро гирифта ва бо суръати саҳмгин дар ҳоли ҳаракат аст.

Кони Фейҷао мутааллиқ ба ширкати Vale, бузургтарин ширкати истихроҷи маъдани Бразилия аст.