Арабистони Саудӣ аввалин харидори силоҳҳои амрикоӣ дар ҷаҳон
Арабистони Саудӣ, Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ бузургтарин воридкунандагони силоҳҳои амрикоӣ дар ҷаҳон ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, бар асоси оморе, ки ба тозагӣ дар бораи"фурӯши таслиҳот дар ҷаҳон дар соли 2018"мунташир шуд, Арабистони Саудӣ дар якдаҳат ахир бо харидт 10 миллиарду 630 миллион доллар аслиҳа аз Амрико, нахустин харидори силоҳҳои ин кишвар аст.
Ин оморро Ожонси давлатии дифои фанноварӣ ва кайфият дар гузориши солонаи худ дар бораи бозори фурӯши таслиҳот, ироа кардааст.
Бар асоси додаҳои ин ниҳоди давлатӣ, дар даҳаҳое, ки аз соли 2008 оғоз шуд, Австралия бо хариди 7 миллиарду 270 миллион доллар ва Кореяи Ҷанубӣ бо хариди 6 миллиарду 730 миллион доллар силоҳи амрикоӣ, пас аз Арабистон ба тартиб дуввумин ва сеюмин харидорони аслиҳа аз Амрико ҳастанд.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ чаҳорумин кишваре аст, ки дар даҳаи гузашта бештарин аслиҳаро аз Амрико харидорӣ кардааст.
Дар ҳамин бозаи замонӣ Ҷопон, ҳампаймони бузурги Амрико дар ин дастабандӣ дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифтааст.
Ин рақамҳо нишон медиҳад, ҳампаймонони Вашингтон барои тазмини мавқеияти дифоии худ ба шиддат ба силоҳҳои амрикоӣ вобаста ҳастанд.