Январ 29, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни италияӣ аз Афғонистон хориҷ мешаванд

Вазири дифои Италия дастури хурӯҷи нерӯҳои низомии ин кишвар аз Афғонистонро дар як соли оянда содир кард.

Ба гузориши ИРНА, манобеи дифоии Италия имрӯз эълом карданд, ки вазири дифои Италия дастури оғози барномарезӣ барои баррасии хурӯҷ аз Афғонистонро то як соли оянда содир кардааст.

Вазорати дифои Италия муддатҳост, ки барномае барои тағйири вазъи нерӯҳои худ дар Ховари Миёна ва Афғонистон ва интиқоли онҳо ба Африқоро дар дастури кор дорад.

Рӯзнома “Corriere della Sera” низ аз коҳиши эҳтимолии нерӯҳои италияӣ дар Ироқ ва тааҳҳуди бештари Рум дар ду ҷабҳаи доғи мубориза бо қочоқи инсон, Либия ва Нигер хабар додааст.

Италия бо беш аз 6 ҳазор низомӣ дар 32 маъмурияти байналмилалӣ ва дар 22 кишвари ҷаҳон ҳузур дорад.

Тасмими Италия барои хурӯҷи низомиёнаш аз Афғонистон дар ҳоле эълом мешавад, ки гузоришҳо аз тавофуқи миёни Амрико ва Толибон барои сулҳ дар Афғонистон ҳикоят дорад. Дар музокироти Доҳа Толибон мутааҳҳид шуд, барои таваққуфи даргирӣ ва дастёбӣ ба тавофуқ бо давлати Кобул вориди музокира шавад ва дар пешнависи тавофуқ низ сухан аз замонати ин гурӯҳ барои таваққуфи амалиёт алайҳи нерӯҳои ғарбӣ дар ивази ақибнишинии ин нерӯҳо шудааст. Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон дар паёми видеоие аз Толибон хост, музокироти сулҳро ба сурати ҷиддӣ бо давлати Афғонистон оғоз кунад, то фасли ҷадиде аз ободонӣ ва тавсеаи ин кишвар бо поёни ҷанг рақам зада шавад. Раисҷумҳури Афғонистон дар ин паём аз Толибон хост, то бо мардум ҳамроҳ шаванд, зеро афғонҳо аз ҳузури низомиёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар Афғонистон ҳимоят намекунанд. Ашраф Ғанӣ таъкид кардааст, ташкили давлати қавӣ ва коромад дар сурати идомаи ҷанг аз сӯйи Толибон имконпазир нест ва ин хостаи душманони хориҷии Афғонистон аст.