Январ 30, 2019 16:23 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи Қатар дар марҳалаи ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 тавонист бо натиҷаи пурголи 4 бар сифр, Имороти мизбонро шикаст диҳад ва ба финал бирасад.

Ба ин тартиб бозии ниҳоии рақобатҳои Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 аввали феврал байни тимҳои Қатар ва Ҷопон баргузор хоҳад шуд.