Январ 31, 2019 15:17 Asia/Dushanbe
  • Заминасозии Трамп барои иқдоми низомӣ алайҳи Венесуэла

Бо оғози даври ҷадиди таҳаввулоти сиёсӣ дар Венесуэла, Амрико талоши ошкореро ба манзури дахолат дар ин кишвари нафтхези Амрикои Лотин оғоз кардааст.  Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зимни эъломи ҳимоят аз Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла ва барасмият шинохтани вай ба унвони раисҷумҳури ин кишвар, иқдомоти худ барои барандозии давлати чапгарои Венесуэла ва Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии ин кишварро шиддат бахшидааст.

Трамп дар идомаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнааш дар умури дохилии Венесуэла, рӯзи чаҳоршанбе телефонӣ бо Хуан Гуайдо гуфтугӯ кард. Трамп дар ин тамоси телефонӣ зимни такрори ҳимояти худ аз Гуайдо бар идомаи тамосҳо бо вай дар рӯзҳои оянда ва дар замони баргузории тазоҳуроти хиёбонии аз пеш барномарезишуда таъкид кард.

Ҳамчунин раисҷумҳури Амрико бо интишори паёме дар сафҳаи Твиттери худ, мардуми Венесуэларо ба шӯриш алайҳи давлати Николас Мадуро фаро хонд. Трамп бо ишора ба вазъияти Венесуэла муддаӣ шуд, набард барои озодӣ оғоз шуда аст.

Ин мавзеи раисҷумҳурии ҷанҷолии Амрико нишон медиҳад, ки вай худро ҳокими ҷаҳон дониста ва дар ростои сиёсати зӯрмадорона ва якҷонибагароёнае, ки аз ибтидои тасаддии пости раёсатҷумҳурии Амрико иттихоз карда, бар ин гумон аст, ки бидуни муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони Милал ва бо давр задани ниҳодҳои байналмилалӣ қодир аст дар умури дохилии як кишвари узви Созмони Милал мустақиман дахолат карда ва иқдомоти барандозона анҷом диҳад.

Дар ҳоли ҳозир давлати Трамп дар рӯйкарди хасмонаи худ алайҳи Мадуро истифода аз қудрати нимасахт, яъне қудрати иқтисодӣ бо эъмоли таҳримҳо ва блок кардани дороиҳо ва қудрати сахт, яъне баҳрагирӣ аз неруи низомӣ ва мудохилаи низомии эҳтимолӣ дар Венесуэларо мадди назар қарор додааст.

Дар ростои ҷанги иқтисодӣ бо Венесуэла, Вашингтон эъмоли таҳримҳои сангин барои қатъи манобеи молии Мадуро ва ҳамчунин афзоиши фишор бар мардуми Венесуэларо дар дастури кор қарор додааст. Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Амрико ҳам дар ростои афзоиши фишорҳои иқтисодӣ ба Венесуэла ба бонкҳо ва ширкатҳо дар бораи таомули тиҷорӣ бо Каракас ҳушдор додааст. Зимни ин ки давлати Трамп бахше аз дороиҳои мусодирашудаи Венесуэла дар Амрикоро дар ихтиёри Гуайдо гузошта то вай битавонад аз он барои барандози Мадуро истифода кунад.

Ба гуфтаи Алфред де Зайас, гузоришгари вижаи собиқи Созмони Милали Муттаҳид, таҳримҳои Амрико алайҳи Венесуэла ғайриқонунӣ ва бар асоси қавонини байналмилалӣ мисдоқи “ҷиноят алайҳи башарият” аст. Дар воқеъ ин таҳримҳо ба иқтисоди ин кишвар осеб зада ва мардуми Венесуэларо нобуд кардааст.

Аммо дар буъди қудрати сахт, давлати Трамп иқдомотеро барои барандозии давлати Венесуэла аз тариқи иқдомоти низомӣ мадди назар дорад. Мақомоти амрикоӣ борҳо эълом кардаанд, ки дар бархурд бо вазъияти буҳронии Венесуэла ҳама гузинаҳо рӯйи миз аст, ки табиатан ин амр ба мафҳуми корбурди эҳтимоли истифода аз нерӯи низомӣ барои сарнагунии Мадуро аст. Акнун беш аз ҳар замони дигаре аз ҳангоми оғози буҳрони сиёсӣ дар Венесуэла, эҳтимоли мудохилаи низомии Амрико дар ин кишвар бо ҳар ҳадафи барканории қаҳромези Мадуро қувват гирифтааст.

Дар ин росто, эҳтимоли эъзоми 5 ҳазор неруи низомии амрикоӣ ба Колумбия, ки Ҷон Болтон дар навиштае ба он ишора карда буд, зоҳиран қувват гирифтааст. Ҳамчунин гузоришҳо ҳокӣ аз сафари генерал Марк Стаммер, фармондеҳи артиши ҷанубии Иёлоти Муттаҳида ба Колумбия аст, ки ин масъала ба эҳтимоли эҷоди ҳамоҳангӣ байни Амрико ва Колумбия барои иқдоми низомии эҳтимолӣ алайҳи Венесуэла меафзояд. Ҳар чанд, ки Гуиллермо Ботеро, вазири дифои Колумбия иддао карда, ки ин сафар одӣ ва аз қабл барномарезишуда буда, аммо ба таври ҳатмӣ дар ҷараёни ин сафар бо таваҷҷуҳ ба авзои Венесуэла баҳси иҷрои гузинаи низомӣ алайҳи мадуро мавриди баҳс қарор мегирад.

 

 

Барчасп